Site hosted by Angelfire.com: Build your free website today!

Чтобы правильно отражались таджикские шрифты используйте кодировку "Кириллица (Windows)" и установите шрифт "Tajiki Sophia"

For correct display of tajik fonts you should use the Cyrillic (Windows) coding and then install the "Tajiki Sophia" font to your PC

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

 

МАН ЧИ ГӮЯМ

Аз фурӯғи ситорагони дур,
Имшаб оғӯши осмон холист.
Ҷои ёри ситоразоди ман,
Дар канори дил ончунон холист.

Шаб, ки фориғ зи ҳамлаи ташвиш,
Ӯ фурӯ меравад ба коми хоб.
Бо нигаҳҳои дузду лағжанда,
Хам шавад сӯи шишааш маҳтоб.

Ғарки хоб аст ӯву оҳиста,
Аз рухаш моҳ нур мечинад.
Дур шав з-ӯ, маҳи навозишкор,
К-ӯ суҷуди туро намебинад.

Ҳамчунон оҳи сард ғамборанд,
О
ҳ, аз ин шабони сардоғӯш.
Нимашаб бо ғамони дилбандаш,
Худ ба худ печ мехӯрам хомӯш.

Чун тавонам ба дил фурӯ биншонд,
Ишқи ӯро, ки ҳаст рӯзафзун.
Чун тавонам нуҳуфтаи дилро,
Пеши бегонае кашам берун.

Моҳу анҷум ҳама ба хотири,
Парваранд ишқҳои қудсона.
Ӯ, ки ҷуз моҳҳо намебинад,
Ғофил аст аз вуҷуди Фарзона.

 

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

© 2004
Edit by

 Farzona
 Azizbek Rasoulov  & Jamshed Dodkhoyev