Site hosted by Angelfire.com: Build your free website today!

Чтобы правильно отражались таджикские шрифты используйте кодировку "Кириллица (Windows)" и установите шрифт "Tajiki Sophia"

For correct display of tajik fonts you should use the Cyrillic (Windows) coding and then install the "Tajiki Sophia" font to your PC

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

 

БО УМЕДИ ФАРДО

Кайҳост бӯи ишқ намеояд аз фазо,
Дерест хуни зиндагӣ аз ҷӯш мондааст.
Ин дил. ки растухези ҳ
убобона менамуд,
Имрӯз сусту мурдаву хомӯш мондааст.

Гулхандае намешукуфад дар нигоҳи ман,
Не
қатрае зи сабзаи мижгони ман фитад.
Ман санги сардҷонаму аз сӯз фориғам,
Кай оташе биёяду дар ҷони ман фитад.

Донам, ки боз дар бағали сабзи навбаҳор,
Ман хандаҳ
ои хурраму мастона мезанам.
Боз он даме, ки чанг ба мӯям занад насим,
Бар гесӯвони саркаши худ шона мезанам.

Оҳ ин дил, ин диле, ки фурӯ шуд ба коми ғам,
Донам, ки боз ҳ
ам ҳаваси тоза парварад.
Шояд расад ҳамон дами қудсӣ, ки хомаам,
Ҳамчун асои сеҳргар эъчоз офарад.

Ин дам, ки аз фурӯғи фараҳ чашми ман тиҳист,
Гӯё, ки ранги раҳмати дунё намондааст.
Як лаҳза пас чу менигарам, соқии шафақ,
Дар соғари тиҳии замин май чакондааст.

  

  <<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

© 2004
Edit by

 Farzona
 Azizbek Rasoulov  & Jamshed Dodkhoyev