Site hosted by Angelfire.com: Build your free website today!

Чтобы правильно отражались таджикские шрифты используйте кодировку "Кириллица (Windows)" и установите шрифт "Tajiki Sophia"

For correct display of tajik fonts you should use the Cyrillic (Windows) coding and then install the "Tajiki Sophia" font to your PC

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

 

ХУҶАСТА БОД!

Нури нигоҳи! мову ту омехт як саҳар,
3-он р
ӯз ман барои ту бегона нестам.
Мастураму аз ишқи ту мастона метапам,
Девонаи ту ҳастаму Фарзона нестам.

Гарчи туро ниёз набошад ба иши ман,
Ҳастам ниёзманди шуъои нигоҳи ту.
Эъ
ҷозро бубин, ки чунин хира мондааст,
Шеъри сапеди ман бари чашми сиёҳи ту.

Имрӯз чун ба тозабаҳорон расидаем.
Бо
ҳам расидани туву ман низ дур нест.
Аммо чӣ боядам, ки манам мавҷи тундрав,
Дар синаам дилест, ки санги сабур нест.

Монанди бойчечаке ин нома дар кафаш
Фардо чу қосиде ба дарат ҳалқа мезанад.
Мехонӣ ин хутути равонрову paҳ ба раҳ
Чашмат бирешиме зи нахи нур метанад.

Дар синаи ту дил сипас ояд ба ҷунбише,
Пас дар ниго
ҳи ту шукуфад озари дигар.
Эй ҳамдиле, ки дил набарӣ пеши бедилон,
Он лаҳза аз ту нест дилафшонтаре дигар.

Фасли сукути тира cap омад, азизи ман,
Бедор шуд ба бӯи баҳор ишқи хуфтаат,
Инак, хуҷаста бод ғамони рамидаат,
Инак, хуҷаста бод умеди шукуфтаат.

 

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

© 2004
Edit by

 Farzona
 Azizbek Rasoulov  & Jamshed Dodkhoyev