Site hosted by Angelfire.com: Build your free website today!

Чтобы правильно отражались таджикские шрифты используйте кодировку "Кириллица (Windows)" и установите шрифт "Tajiki Sophia"

For correct display of tajik fonts you should use the Cyrillic (Windows) coding and then install the "Tajiki Sophia" font to your PC

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

 

ПОДОШИ ИШҚ

Андаке бояд навозиш бандагонатро,
Эй ки бешак, нозпарварди худовандӣ.
Ту маро, ин ошнои ношиносатро,
Ҳар қадар бегонай, он гуна пайвандӣ.

Ин чӣ рӯзе буду дидам, нақши пои ту,
Ч
ун нигини ашки ман дар роҳрав монда.
Шукр, аз ман беасар нагзаштиву мондӣ,
Лоақал гарде зи пойи хеш афшонда.

Лутфи ту нозам, маро нодида бигзаштӣ,
Ин магар подоши ишқи дардзодам буд.
Ман на
ҷустам аз муҳаббат кому номеро,
Баски танҳо дидани рӯят муродам буд.

Мошини шабгун, ки пушти шиша меистод,
Нарм лағжиу туро аз дидаи ман бурд.
Лол мондам ман шабиҳи ҳайкали сангӣ,
Дар ву
ҷудам хуни гарми зиндагй мемурд

Мошини шабгун, ки ранги бахти моро дошт,
Тоб хӯрду гум шуд андар шаҳри сабзоғӯш.
Ман, ки  будам ташнаи дидори ту, бо дард,
Қатраи талхи сиришкамро намудам нӯш.

 

 <<PREVIOUS

>HOME PAGE<

  NEXT>>

© 2004
Edit by

 Farzona
 Azizbek Rasoulov  & Jamshed Dodkhoyev