Site hosted by Angelfire.com: Build your free website today!

Чтобы правильно отражались таджикские шрифты используйте кодировку "Кириллица (Windows)" и установите шрифт "Tajiki Sophia"

For correct display of tajik fonts you should use the Cyrillic (Windows) coding and then install the "Tajiki Sophia" font to your PC

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

 

ХУД БА ХУД

Берун маро фикандай аз хотир,
Сӯзи даруни ман зи ҳамин бошад.
Подоши ишқи ман чи бувад ҷуз ғам,
Аз ишқ тавба кардам, ар ин бошад.

Он духтарак, ки бас шаби тӯлонӣ
Бо содагӣ хаёли ту меварзид.
Б
о ҷумла ҷурму айбу гуноҳаш боз,
Бар
ишқи ту, бар ишқи ту меарзид.

Он духтарак манам, ки гуноҳонам
Б
о покии фаришта бувад яксон.
Он ша
ҳписар туӣ, ки ҳалолат бод,
Султони қалби ман шудаӣ осон.

Дил они туст, они ту, аммо, ҳайф,
Ас
ли варо ханӯз намедонӣ.
Ман аз ғурури хеш намемонам,
Ту аз виқори хеш намемонӣ.

Гӯям ба худ,ки бас, дигар, акнун бас,
Бар диданат дубора намекӯшам.
Чун ла
ҳзае равад, бишавад аз нав,
Он қавлҳои кӯҳна фаромӯшам.

Чун мевазад насими таманноят,
Дар сина боз меҳри туям ҷунбад.
Дар кунҷи дил ба хотири бахтӣ дур,
Га
ҳвораҳои орзуям ҷунбад.

Хомӯшаму садо бидиҳад ҳарфат,
Дар гӯши ман чу савти равони Сир,
Ин матлаъе зи номаи сабзи туст!
«Берун маро фикандай аз хотир».

 

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

© 2004
Edit by

 Farzona
 Azizbek Rasoulov  & Jamshed Dodkhoyev