Site hosted by Angelfire.com: Build your free website today!

Чтобы правильно отражались таджикские шрифты используйте кодировку "Кириллица (Windows)" и установите шрифт "Tajiki Sophia"

For correct display of tajik fonts you should use the Cyrillic (Windows) coding and then install the "Tajiki Sophia" font to your PC

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

 

ЁДЕ ЗИ ГУЛБОҒИ ДУШАНБЕ

Рӯзе, ки нағма рехт зи гулбазми шохсор,
Бикшодӣ аз барои ман оғӯши пурбаҳор.
Бигрифтиям ба ҷазбаи ҷон танг дар канор,
Гаштӣ ту бесухан.
Ё
ри қарини манн.

Ёд оядам, ки дар ту ҳаёлӣ қадам задам,
Гоҳе ситода маҳви ту мижгон ба ҳам задам.
Монанди он ки сайр кунад абри токае,
Дар дашти осмон.
Ғамгину шодмон.

Хуш буд бахти бо ту ҳамоғӯш буданам,
Бо буттаҳои сабзи ту ҳамдӯш буданам.
Бо буттаҳо, ки зери лабон ҳарф мезаданд,
Бо ҳам чу хоҳаре.
Бо лаҳни шаккарӣ.

Абрешими сиёҳи маро, бод менавохт,
Оғӯши ту вуҷуди маро нек мешинохт.
Хуршед хандарезу зарандуда менамуд,
Чун борго
ҳи нур.
Дар осмони дур.

Аз дурҳо таронаи Варзоб мерасид,
Чун аллае ба духтари бехоб мерасид.
Медод ромишаш ба дил оромиши хуше.
Чун орамидане.
Пур аз тапидане.

Пиндоштам, давоми Хуҷанд аст ин чаман,
Р
ӯшан чу ҷони оинабанд аст ин ҷамн.
Пиндоштам, ки васл шудам бо ҳавои ту,
Дар
ҷавфи ҳар хубоб.
Чун хуни офтоб!

 

<<PREVIOUS

>HOME PAGE<

NEXT>>

© 2004
Edit by

 Farzona
 Azizbek Rasoulov  & Jamshed Dodkhoyev